Гималайская Розовая Соль 1кг

Гималайская Розовая Соль 1кг

Мо Намаки гулобии Ҳимолойи АСЛИРО пешниҳод менамоем.

Он ҳамчун шакли ТАБИӢТАРИН ва тозатарини намак дар рӯи Замин ҳисобида мешавад (тақрибан 250 миллион сол пеш ташаккул ёфтааст).

Танҳо БО ДАСТ дар музофоти Панҷоб (Покистон) истихроҷ мешавад ва 84 микроэлемент ва минералро дар бар мегирад (аз оҳан, калий, калсий, мис, магний ва йод ғанӣ аст).

Барои ғизои солим — ивазкунандаи муфиди намаки оддӣ, зеро он КАМТАР ШӮР буда, нигоҳдории моеъро дар организм коҳиш медиҳад. Ба муътадил гардидани ТАВОЗУНИ ОБУ НАМАК мусоидат намуда, барои хориҷшавии токсинҳо кӯмак мекунад. Ба таомҳо маззаи нозук ва хос мебахшад.

Барои нигоҳдории САЛОМАТӢ — дар “мавсими шамолхӯрӣ” барои ингалятсия, шустани бинӣ ва ғарғараи гулӯ, инчунин барои компрессҳо ва бандажҳои намакӣ, молидан ва гармкунӣ истифода мешавад.

Барои нигоҳдории ЗЕБОӢ — дар косметология барои омода намудани скраб ва пилингҳо барои пӯсти бадан ва сар (барои тозакунӣ ва беҳтар намудани ҳолати пӯст), инчунин ваннаҳои намакӣ барои мустаҳкам намудани нохунҳо зарур аст.

Барои барномаҳои РЕЛАКС ва ДЕТОКС — ба оби ванна илова карда мешавад (барои тозакунӣ, оромӣ ва таъсири таскинбахш ба системаи асаб).

Намаки кӯҳӣ, навъи олӣ, ғизоӣ, майдашуда (0,3–0,5 мм) — бо системаи ZIP-LOCK таъмин гардидааст, ки барои боз ва бастани чандкаратаи баста ва нигоҳдории герметикӣ қулай мебошад.

Намаки гулобии ҲИМОЛОЙИ ПРЕМИУМ аз HERBION — иловаи муфиди ҳаррӯза ба ғизо ва маҳсулоти ивазнашаванда барои ЗЕБОӢ ва САЛОМАТӢ мебошад!

Намаки гулобии Ҳимолой, ғизоӣ, майда. Помол №0 (0,3–0,5 мм).

Дар ҳарорати на бештар аз +30°С ва намнокии нисбии ҳаво на бештар аз 75% нигоҳ доред. Муҳлати истифода — 5 сол.

Баста — 1 кг

Skip to toolbar
Developed by WEBKITCHEN agency