Мудири анбор
Вазифаҳо:
- Ташкили кори анбор оид ба қабули маҳсулот, нигоҳдорӣ ва интиқоли доруҳо ва маводи тиббӣ.
- Таъмини ҳифзи маҳсулоти анборшуда, риояи режимҳои нигоҳдорӣ, қоидаҳои тартиб додан ва супоридани ҳуҷҷатҳои хароҷоту даромад.
- Омода намудани ҳисоботи моддӣ ҳар моҳ ва пешниҳод ба муҳосибӣ.
- Ҳамкории зич бо сохторҳои дохилии ширкат оид ба масъалаҳои ташкил ва оптимизатсияи баҳисобгирии анборӣ.
- Гузаронидани инвентаризатсия.
Талабот:
- Таълими тиббӣ ё фармасевтӣ.
- Донистани қоидаҳо ва тартиби нигоҳдорӣ ва ҷойгиронии маҳсулот, инчунин дастурҳо ва қонунгузориҳои марбут ба баҳисобгирии онҳо.
- Донистани қоидаҳои гузаронидани инвентаризатсия.
- Эътибор ба ҷузъиёти кор ва сатҳи баланди масъулиятнокӣ.
Шароити кор:
- Маоши рақобатпазир.
- Имконият барои рушди касбӣ ва пешравӣ.
- Рӯзи корӣ аз соати 9:00 то 18:00, аз душанбе то ҷумъа.
- Ҷамоаи дӯстона ва касбӣ.
- Таъмини рухсатии меҳнатии солона.
- Таъмини алоқаи мобилӣ.
Агар шумо хоҳиши ҳамроҳ шудан ба дастаи мо дошта бошед ва ба комёбӣ дар саноати фармасевтӣ мекӯшед, резюмеятонро ба суроғаи почтаи электронии мо career.cis@herbion.com ё ба рақами +992908889991 барои сабти ном ба мусоҳиба фиристед.
Мо аз дидани шумо дар дастаи кормандонамон шод мешавем!